Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй ки дорӣ ҳаваси ишқу гирифтории дил
Эй ки дорӣ ҳаваси ишқу гирифтории дил, Ҳоли ман бин, аз он таҷрибае кун ҳосил. Нест чун ишқ зи як ҷониб, аз он метарсам, Ки мабодо дили ӯ ҳам ба ту гардад моил.
Онро, ки дил зи оташи ишқат мунир нест
Онро, ки дил зи оташи ишқат мунир нест, Монанди шамъ агар шуда, равшанзамир нест. Дорам гузар зи меҳру вафои парирухон, Лекин маро зи ҷавру ҷафоят гузир нест.
Биё, эй ишқ, оташ зан хасу хошоки ҳастиро
Биё, эй ишқ, оташ зан хасу хошоки ҳастиро, Дар он оташ фикан он гоҳ рахти худпарастиро. Кадаш дидам, маро дигар ба Тӯбо сар фурӯ н-ояд, Ба аҳди қоматаш дигар на
Сурат кашад рақибам аз он симтан ҷудо
Сурат кашад рақибам аз он симтан ҷудо, Ҳар дам ба сурате кунад ӯро зи ман ҷудо. Аз ман, ки пири ишқ шудам, ҳиммату мадад Маҷнун ҷудо талаб кунаду Кӯҳкан ҷудо.
Эй ба сад чашм рухат карда тамошо наргис
Эй ба сад чашм рухат карда тамошо наргис, Сурма аз хоки дарат карда таманно наргис. Чашм то бар қадду болои ту андохтааст, Файзҳо мебарад аз олами боло наргис.
Магар ки ёфт зи холи лабат хабар лола
Магар ки ёфт зи холи лабат хабар лола, Ки дорад аз ту чу ман доғ бар ҷигар лола. Чӣ доғҳост, ки дорад даруни синаи хеш Зи рашки оразат, эй сарви симбар, лола.
Эй лаъли ҷонфизоят нақди хазинаи дил
Эй лаъли ҷонфизоят нақди хазинаи дил, З-он навд нест моро ҷуз хуни дида ҳосил. З-он ҳар ду лаб, ки ҳар як ҳаст ахгаре, забонат Чун шуъла сар барорад, оташ занад
Ҳар куҷо таслим бандад дар миён шамшерро
Ҳар куҷо таслим бандад дар миён шамшерро, Мекунад, чун мавҷи гавҳар безабон шамшерро. Саркашӣ вақфи тавозуъ кун, ки бар гардун ҳилол Мекунад гоҳе сипар, гоҳе ка
Ҳарчанд гаронӣ бувад асбоби ҷаҳонро
Ҳарчанд гаронӣ бувад асбоби ҷаҳонро, Чун най ба хамидан накашад нолакашонро. Бетоби ҷунун дар ғами асбоб набошад, Дил зоди раҳи шавқ бувад реги равонро.
Нест бо ҳуснат маҷоли гуфтугӯ оинаро
Нест бо ҳуснат маҷоли гуфтугӯ оинаро, Сурма мерезад нигоҳат дар гулӯ оинаро. Ғайри ҷавҳар дар тамошои хати наврустаат Мекунад сад орзу дар дил нумӯ оинаро.
Назар бар каҷравон аз ростон беш аст гардунро
Назар бар каҷравон аз ростон беш аст гардунро, Ки хотам бештар дар дил нишонад нақши ворунро. Шаҳидам, лек медонам, ки ишқи офиятдушман Чу ёқутам ба оташ мебара
Мехурад хун нафас андар дили ғампешаи мо
Мехурад хун нафас андар дили ғампешаи мо, Ҷавҳари теғ бувад хору хаси бешаи мо. Баски чун шамъ ба ғам нашвунумо ёфтаем, Шуъларо мавҷи тароват шумурад решаи мо.
Гар даме бӯси кафат гардад муяссар теғро
Гар даме бӯси кафат гардад муяссар теғро, То абад рагҳои гул болад зи ҷавҳар теғро. Аз кудурат барнамеояд мизоҷи кинаҷӯ, Бештар дорад ҳамин зангор дар бар теғро
Куҷо алвони неъмат з-ин бисот осон шавад пайдо
Куҷо алвони неъмат з-ин бисот осон шавад пайдо, Ки Одам аз биҳишт ояд бурун, то нон шавад пайдо. Тамизи лаззати дунё ҳам осон нест, эй ғофил, Чу тифлон, хун хӯр
Кардаам сармашқи ҳасрат сарви мавзуни туро
Кардаам сармашқи ҳасрат сарви мавзуни туро, Нола мехонам баландиҳои мазмуни туро. Шомпарварди ғамам, бо субҳи иқболам чӣ кор? Тирабахтӣ сояи бед аст Маҷнуни тур
Фусуни ҷоҳ узри ланг созад парфишониро
Фусуни ҷоҳ узри ланг созад парфишониро, Ба ғалтонӣ расонад об дар гавҳар равониро. Чу гул дар субҳи пирӣ мекашӣ хамёзаи ҳасрат, Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳо
Ақбае дигар набошад рӯҳи аз тан растаро
Ақбае дигар набошад рӯҳи аз тан растаро, Нест бими сӯхтан дуди зи оташ ҷастаро. Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост, Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро
Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро
Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро , Аз гудози дил диҳад равған чароғи Турро. Бениёзӣ баски муштоқи лиқои аҷз буд,
Айш донад дили саргашта парешониро
Айш донад дили саргашта парешониро, Нохудо бод бувад киштии тӯфониро. Ашк дар ғамкадаи дида надорад қимат, Аз буни чоҳ барор ин маҳи канъониро.
Шафақ дар хуни ҳасрат метапад аз дидани мино
Шафақ дар хуни ҳасрат метапад аз дидани мино, Ақиқ обе равон мегардад аз хандидани мино. Ҷигарҳо бар замин мерезад аз каф рафтани соғар, Диле дар зери по дорад
Дар безарӣ зи ҷабҳаи ахлоқ чин кушо
Дар безарӣ зи ҷабҳаи ахлоқ чин кушо, Ҳарчанд остин гираҳ орад, ҷабин кушо. Аз соилон дареғ нашояд табассумат, Гирам, кафат тиҳист, лаби офарин кушо.
Дар талаб то чанд резӣ обрӯи комро?
Дар талаб то чанд резӣ обрӯи комро? Як сабақ шогирди истиғно кун ин ибромро. Доғ будан дар хумори матлаби ноёб чанд? Пухта натвон кард аз оташ орзуи хомро.
Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё
Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё, Дил зи навбат ҷамъ кун, пур бедиранг аст осиё. Саъйи рӯзӣ бо балои беамон ҷӯшидан аст, Бештар дар гардиш аз боди туфанг
Ҳайф аст, кашад саъйи дигар бодакашонро
Ҳайф аст, кашад саъйи дигар бодакашонро, Ёрон, ба хати ҷом бибандед миёнро. Мо софдилон саршикани табъи дуруштем, Бар санг тараҳҳум набувад шишагаронро.
Ҳайф, к-аз ифлос навмедӣ фазояд мардро
Ҳайф, к-аз ифлос навмедӣ фазояд мардро, Даст агар кӯтоҳ шуд, бар дил нашояд мардро. Аз таназзулҳост, гар дар олами озодагӣ Чини пешонӣ ба ёди доман ояд мардро.

