Эй ки дорӣ ҳаваси ишқу гирифтории дил
Эй ки дорӣ ҳаваси ишқу гирифтории дил,
Ҳоли ман бин, аз он таҷрибае кун ҳосил.
Нест чун ишқ зи як ҷониб, аз он метарсам,
Ки мабодо дили ӯ ҳам ба ту гардад моил.
Дил зи ҳар кас ба тариқи дигаре бистонӣ,
Дилбаре чун ту касе ёд надорад комил.
Ишқ варзӣ ба бутеву ғаразат он бошад,
Ки аз ӯ низ бад-ин қоида бистонӣ дил.