Меравам аз кӯйи ту бо ҷони пурғам, хайр бод
Меравам аз кӯйи ту бо ҷони пурғам, хайр бод,
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод!
Чанд гӯӣ, эй дил, он ҷо чанд рӯзе сабр кун?
Гар намеоӣ ба ман ҳамраҳ, туро ҳам хайр бод!
Баски мерезам зи чашми худ сиришки лаълро,
Ҳар замоне мекунад бо ҳам ду чашмам хайр бод.
Аҳли оламро зи мо гар буд бар хотир ғубор,
Мо зи олам меравем, эй аҳли олам, хайр бод!
Он парӣ рӯ, вақти рафтан аз сари меҳру вафо,
Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод!»