Онро, ки дил зи оташи ишқат мунир нест
Онро, ки дил зи оташи ишқат мунир нест,
Монанди шамъ агар шуда, равшанзамир нест.
Дорам гузар зи меҳру вафои парирухон,
Лекин маро зи ҷавру ҷафоят гузир нест.
Савсан ба боғу ғунча маро бе ту дар чаман
Дар дида кам зи ханҷару пайкону тир нест.
Ҷайби ҷабал ба мотами Фарҳод гашта чок,
Дар Бесутун аён шуда он ҷӯйи шир нест.
Гаҳ-гаҳ хаёл, то ба замири ту бипарам,
Ҳаргиз худ ин хаёл туро дар замир нест.
Кай аз закоти ҳусни бутон баҳра бардарад
Эй хоҷа, ошиқе, ки ба кӯяш фақир нест?
Дар ҳусн агарчи ёр надорад назири хеш,
Эй Восифӣ, ба ишқ туро ҳамназир нест.