Биё, эй ишқ, оташ зан хасу хошоки ҳастиро
Биё, эй ишқ, оташ зан хасу хошоки ҳастиро,
Дар он оташ фикан он гоҳ рахти худпарастиро.
Кадаш дидам, маро дигар ба Тӯбо сар фурӯ н-ояд,
Ба аҳди қоматаш дигар нахоҳам дид пастиро.
Мани девонаро чандон ки хоҳӣ май деҳ, эй соқӣ,
Ки мардум бар ҷунун хоҳанд кардан ҳамла мастиро.
Дили худро ниҳодам чун ба каф дар маҷмаъи хубон,
Фидоят бод ҷонам, к-аз ту дидам пешдастиро.
Ба фикри он даҳон гардид чандон нестӣ ҳосил,
Ки аз худ вонаёбад Восифӣ як зарра ҳастиро.