Сурат кашад рақибам аз он симтан ҷудо
Сурат кашад рақибам аз он симтан ҷудо,
Ҳар дам ба сурате кунад ӯро зи ман ҷудо.
Аз ман, ки пири ишқ шудам, ҳиммату мадад
Маҷнун ҷудо талаб кунаду Кӯҳкан ҷудо.
Ҷонро зи бас ки бар баданам аз ҳаданг дӯхт,
Шуд сад ҳазор пора, чу шуд аз бадан ҷудо.
Дар бар марост пираҳани сабр чок-чок,
То гаштаам аз он бути гулпираҳан ҷудо.
Гуфтам, ки рӯзу шаб пайи қатлам бувад рақиб,
Гуфто: «Ки зинҳор набошӣ зи ман ҷудо».
Бар мо тараҳҳуме, ки ғарибему номурод,
Баҳри ту мондаем чунин аз ватан ҷудо.
Онон, ки соҳибони камоланд, Восифӣ,
Шеъри ту кай кунанд зи шеъри Ҳасан ҷудо?