Эй ба сад чашм рухат карда тамошо наргис
Эй ба сад чашм рухат карда тамошо наргис,
Сурма аз хоки дарат карда таманно наргис.
Чашм то бар қадду болои ту андохтааст,
Файзҳо мебарад аз олами боло наргис.
Дидаи худ назада бар ҳаму ҳайрон шудааст,
Карда то дидаи худро ба рухат во наргис.
Бар замин дӯхта чашму сараш афканда ба пеш,
Гашта шарманда аз он наргиси шаҳло наргис.
Чашми масти ту чунон сохта ӯро махмур,
Ки даме нагсилад аз соғари саҳбо наргис.
Нест ҳамранги гули рӯйи ту қатъан лола,
Нест монанд ба чашми хушат асло наргис.
Дида дар панҷаи хуршед Сӯҳоро гӯйӣ,
Карда аз хоки дарат дида муҷалло наргис.
Фориғулбол аён карда зару нуқраи хеш
Дар замони шаҳи одилдили доно наргис.
Хон Убайдуллоҳи ғозӣ, ки зи адлаш кӯбад
Шашпари нуқраву зар бар сари аъдо наргис.
Ба сари румҳ кашида магар аз косаи сар
Чашми аъдои вай андар сафи ҳайҷо наргис?
Баҳри нузҳатгаҳи он шаҳ зи кавокиб ҳар шаб
Сар ба сар руста дар ин гулшани хазро наргис.
То тасаддуқ кунад аз баҳри шаҳ оварда ба сар
Чанд нони тунуку пораи ҳалво наргис.
Гулрухон дида ба хоки раҳи он шаҳ доранд,
Нест сарбарзада аз тӯдаи ғафро наргис.