Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
З
Зайниддин Восифӣ

Магар ки ёфт зи холи лабат хабар лола

Магар ки ёфт зи холи лабат хабар лола, Ки дорад аз ту чу ман доғ бар ҷигар лола. Чӣ доғҳост, ки дорад даруни синаи хеш Зи рашки оразат, эй сарви симбар, лола. Зи жола пур набувад аз саҳоб фасли баҳор, Пайи нисори ту дурҷест пургӯҳар лола. Агар зи пираҳанат накҳате ба лола расад, Шавад ба бӯй зи гули сурх хубтар лола. Ба акси боғи ҷамоли ту, эй гули раъно, Ба боғ сабза бувад зеру бар забар лола. Саҳар фитода ба рухсори лола шабнам нест, Зи хиҷлати ҳаю рӯйи ту гашта тар лола. Ба ғайри зулфу хати дилкаши ту дар гулшани даҳр Дамида сабзаву сунбул кӣ дид бар лола? Ба саҳни боғ фурӯзон чу меҳр машъалаест Барои базми шаҳаншоҳи баҳру бар лола. Убайдхон, ки бувад аз риёзи ҳиммати ӯ Гули ҳамешабаҳор анҷуму камар лола. Шаҳе, ки тавсани адлаш гаҳи хиром зи наъл Диҳад ба ҷойи шарар аз дили ҳачар лола. Ба қасди душмани ҷоҳаш чунон камар баста, Ки бар замин наниҳад найзаву сипар лола. Ба даври адли вай оташ чунон гулистонест, Ки дуди ӯ ҳама сунбул бувад, шарар лола. Чунин ки хуни аду рехт бар замин теғаш, Ба ҷойи сабза дамад аз замин дигар лола.