Эй лаъли ҷонфизоят нақди хазинаи дил
Эй лаъли ҷонфизоят нақди хазинаи дил,
З-он навд нест моро ҷуз хуни дида ҳосил.
З-он ҳар ду лаб, ки ҳар як ҳаст ахгаре, забонат
Чун шуъла сар барорад, оташ занад ба сад дил.
Эй шамъ, сӯхт моро ҷони ҳазину пешат,
Гар дам занем, гардӣ сӯи рақиб моил.
Бар ақл мушкил омад кайфияти даҳонат,
Охир, сари забонро бигшо ба ҳалли мушкил.
Ҷон бо хаёли лаълат танрост оби ҳайвон,
Тан дар фироқи рӯят ҷонрост чоҳи Бобил.
Холи лабат ниҳода пайваста доғ бар ҷон,
Зулфат ба гардани ҷон андохта салосил.
Аз баҳри гармии дил бар чеҳра зулфу холат
Наъле бувад дар оташ бо донаҳои филфил.
Эй хандаи малеҳат дилро чу ҷони ширин,
Бошад итоби чашмат ҷонро чу заҳри қотил.
Ҳурӣ ту ё фаришта, з-он рӯ, ки дар латофат
Ҳадди башар набошад ин шаклу ин шамоил.
Дар базми бенавоӣ баҳри суруд моро
Сина даф асту ҳар сӯ доғе бар ӯ чалочил.
Чеҳра каҳу сиришкам гил карда хишти болин,
З-ин гуна зинда дорам ҷонро ба бӯйи каҳгил.
Шаб дар гилеми меҳнат будам ниҳон, ки ногаҳ
Ҷибрили субҳ бархонд: «Ё айюҳа-л-муззаммил!»
Гуфто: «Зи хоби ғафлат бедор бошу бингар
Бар осмон ба ҳар сӯ, бар сунъи Ӯ далойил.