Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро
Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро
,
Аз гудози дил диҳад равған чароғи Турро.
Бениёзӣ баски муштоқи лиқои аҷз буд,
Кард холи рӯи худ дасти Сулаймон мӯрро.
Аз фалак бе нола коми дил намеояд ба даст,
Шаҳд хоҳӣ, оташе зан хонаи занбӯрро.
Аз шикасти дил чӣ ишратҳо, ки бар ҳам хурду рафт,
Мӯйи чинӣ шом ҷӯшонд аз саҳар фағфурро.
Орзуманди туро сайри гулистон офат аст,
Накҳати гул теғ бошад соҳиби носурро.
Сӯхтан дар ҳар сифат манзури ишқ афтодааст,
Машраби парвона аз оташ надонад нурро.
Софу дурде нест дар хумхонаи таҳқиқ, лек
Дор боло бурд шӯри нашъаи Мансурро.
Гар диле дорӣ, ту ҳам хун созу соҳибнашъа бош,
Май шудан махсус набвад донаи ангурро.
Дар тариқи нафъи худ кас нест муҳтоҷи далел,
Бе асо роҳи даҳан маълум бошад кӯрро.
Хушнамо набвад ба пирӣ арзи андоми шабоб,
Лофи гармӣ сард бошад накҳати кофурро.
Бар умеди васл мушкил нест қатъи зиндагӣ,
Шавқи манзил мекунад наздик роҳи дурро.
Нағма ҳам дар нашъапаймоӣ қиёмат мекунад,
Мавҷи май тор аст, Бедил, косаи танбӯрро.