Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мурғи дил дар қафаси танги тапидан афтод,
Мурғи дил дар қафаси танги тапидан афтод, Ин ҳумо оқибат аз авҷи паридан афтод. Дил на дар доми ту озод ба дидан афтод, Ҷазбаи ишқ расо буд, зи дидан афтод.
Дар чаман дод агар файзи баҳорон гули сурх,
Дар чаман дод агар файзи баҳорон гули сурх, Мижа аз хуни дилам рехт ба домон гули сурх. На ҳамин дидаи мо маҳви тамошои ту буд, Рафтӣ бар боғу шуд аз рӯи ту хан
Чун нагардад зулфи мушкини ту бар рухсор каҷ,
Чун нагардад зулфи мушкини ту бар рухсор каҷ, Мӯ шавад наздики оташ, мешавад ночор каҷ. Сарбазонукардагонро холӣ аз маънӣ мадон, Бештар нахли гулистон мешавад а
Бепарда аст ҳусни нигору нигоҳ нест,
Бепарда аст ҳусни нигору нигоҳ нест, Гарм аст офтобу иноят гуноҳ нест. Оинаи сипеҳр саломатнишона аст, Аз рӯи он ки ҳеч яке тираоҳ нест.
Қиблаи аҳли вафо ҷуз хами абрӯи ту нест,
Қиблаи аҳли вафо ҷуз хами абрӯи ту нест, Каъбаи мақсуди ушшоқ ба ҷуз рӯи ту нест. Домани зулфи ту аз гарди маҷонин пок аст, Ҷои он бехирадон силсилаи мӯи ту нес
Бурида бод зи дастам сари чаҳор ангушт,
Бурида бод зи дастам сари чаҳор ангушт, Ки даст мекашад аз домани нигор ангушт. Надонам уқда зи зулфат кӣ боз кард имрӯз, Димоғи шона парешону мушкбор ангушт.
Чун шона то задам ба сари зулфи ёр даст,
Чун шона то задам ба сари зулфи ёр даст, Ангуштам иқди нофа шуду мушкбор даст. Монад кафи ту панҷаи хуршеду моҳро, Темори остин яди байзо барор даст.
Бе ту чун най банд-бандам пойбасти нола аст,
Бе ту чун най банд-бандам пойбасти нола аст, Нола дар дасти дил асту дил ба дасти нола аст. Гул накард овозе аз сози шикастан чун гилем, Соғари рангам шикасту и
Мапурс, эй гули хандон, ки дидаат чун аст,
Мапурс, эй гули хандон, ки дидаат чун аст, Зи ҳаҷри лолаи рӯи ту косаи хун аст. Маро ба Каъбаи васлат расон, ки дар раҳи ишқ Зи реги бодияам ранги доғ афзун аст
Доғи носури ғамат дар ҷигаре нест, ки нест,
Доғи носури ғамат дар ҷигаре нест, ки нест, Ошиқи рӯи ту ширинписаре нест, ки нест. Аз камони ҳама абрӯи ту сад тири ҷафо Меҳмони дили ошиқ саҳаре нест, ки нест
Эй лӯъбати хандон
Эй лӯъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст? В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст? Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст? Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бу
Ҳастии ман шуд ҳиҷоби ӯ, бидеҳ, соқӣ, шароб,
Ҳастии ман шуд ҳиҷоби ӯ, бидеҳ, соқӣ, шароб, То кунад аз ҳастии ман як замон ғофил маро. Гар нагирад дасти ман шоҳи араб, эй войи ман, Инчунин к-андар аҷам монд
Сабукдастӣ кун, эй соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро,
Сабукдастӣ кун, эй соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро, Ба худ дармондаем, аз мо замоне вораҳон моро. Намехоҳам, ки афтад чашми мо бар ту, хушо вақте, Ки созӣ дар ҳиҷо
Субҳи азал ба хонаи заррини офтоб,
Субҳи азал ба хонаи заррини офтоб, Бар лавҳи сими чарх навиштанд ин хитоб. К-ин сабзхишти мадрасаи зарнигор нест Ҷуз баҳри ҳар ҳунарталаби дониши китоб.
Рахшанда ҷирми хур, ки бар ин сабзторам аст,
Рахшанда ҷирми хур, ки бар ин сабзторам аст, Қандили гӯрхонаи шоҳони олам аст. Карданд равшанони фалакро кабудпӯш, Яъне, ки ин сарочаи арбоби олам аст.
Сақок аллаҳ, эй диёр, ки зи даври рӯзгор,
Сақок аллаҳ, эй диёр, ки зи даври рӯзгор, Тиҳӣ мондаӣ зи ёр, ману ҷони беқарор Ба гирди ту ашкбор, чи пинҳон чи ошкор, Чу абре, ки дар баҳор кунад гиря дар чама
Эй, аз ду ҷоми лаълат моро тамом ниме,
Эй, аз ду ҷоми лаълат моро тамом ниме, Айши тамоми моро бас з-он ду ҷом ниме. Гуфтам, зи зикри номат ёбам зи худ раҳоӣ, Аз худ тамом растам, ногуфта ном ниме.
Ду соиди ту, ки оини ҳарду ҳаст яке,
Ду соиди ту, ки оини ҳарду ҳаст яке, Ба хуни хастадилон кардаанд даст яке Карашмаҳои ту шуд раҳнамуни ишвагарон, Ки рух кушод якеву ниқоб баст яке.
Эй сипеҳр аз ҳаҷри ёрам сӯхтӣ,
Эй сипеҳр аз ҳаҷри ёрам сӯхтӣ, Зориям дидиву зорам сӯхтӣ. Рӯзи ман кардӣ шаби тору чу шамъ Зор дар шабҳои торам сӯхтӣ.
Эй, ки ба ширинсуханӣ нархи шакар мешиканӣ,
Эй, ки ба ширинсуханӣ нархи шакар мешиканӣ, Ҳабака афнӣ баданӣ шавкаки афнӣ шаҷанӣ.21 Чеҳра афрухтаӣ, ҷони касон сӯхтаӣ, Моҳи кадомин фалакӣ, шамъи кадом анҷума
Эй зи ғамҳои ту бо мурдан баробар зиндагӣ,
Эй зи ғамҳои ту бо мурдан баробар зиндагӣ, Зарбати теғат паёпай зиндагӣ бар зиндагӣ. Чун тамаъ дорам зи бахти худ давоми васли ту, Менагардад ҷовидон касро муяс
На башар хонамат, эй дӯст, на ҳуру на парӣ,
На башар хонамат, эй дӯст, на ҳуру на парӣ, Ин ҳама бар ту ҳиҷоб аст, ту чизи дигарӣ. Нури покиву фасона-ст ҳадиси гулу об, Лутфи маҳзиву баҳона-ст ҳадиси башар
Бемори ту шудам ба аёдат наёмадӣ,
Бемори ту шудам ба аёдат наёмадӣ, Сӯи муриди худ ба иродат наёмадӣ. Ранҷуриям фузуд, чу дар пурсишам қадам Ранҷа накардиву ба аёдат наёмадӣ.
Бар камандат ба гирифтории ман нест касе,
Бар камандат ба гирифтории ман нест касе, Бо сагонат ба вафодории ман нест касе. Бо ҳама ёриву аз ёрии ман безорӣ, Дар ҳама шаҳр ба беёрии ман нест касе.
Мушки тар, бар барги гул судӣ, балои ҷон шудӣ,
Мушки тар, бар барги гул судӣ, балои ҷон шудӣ, Кори ҷон чун сохтӣ, ғоратгари имон шудӣ. Гирди лаъли ҷонфизои худ фузудӣ хатти сабз, Хизрро раҳбар ба сӯи чашмаи
