Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сӯи бемори худ, эй ҷони ҷаҳон, дер оӣ,
Сӯи бемори худ, эй ҷони ҷаҳон, дер оӣ, Хоҳам аз ғам бикушӣ зуд-ш, аз он дер оӣ. Умр бас зуд равад, ҷон чу равад дер ояд, Чанд чун умр равӣ зуду чу ҷон дер оӣ?
Ҳеч аз ин мубтало намепурсӣ,
Ҳеч аз ин мубтало намепурсӣ, Чист мӯҷиб, чаро намепурсӣ? Нест парвои ҳоли банда туро, В-аз барои Худо намепурсӣ?
Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ,
Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ, Дида равшан кардаме з-он рӯи зебо, кошкӣ. Хотир андар сояи Тубо наёсояд маро, Соя кардӣ бар сарам он сарви боло, кошкӣ.
Эй кош, ман бар он сари кӯ хок будаме,
Эй кош, ман бар он сари кӯ хок будаме, То поймоли он бути чолок будаме. То бод бурдиям ба сари кӯйи дӯст, кош Мардум набудаме, хасу хошок будаме.
Дили маро зи ҳазор орзу бигардонӣ,
Дили маро зи ҳазор орзу бигардонӣ, Дар орзуи худам кӯ ба кӯ бигардонӣ. Зи қибла рӯй бигардониям, ки рӯ ба ман ор, Ба рӯи ту чу кунам рӯй, рӯ бигардонӣ.
Дӣ он чи шакл буд, ки аз раҳ баромадӣ,
Дӣ он чи шакл буд, ки аз раҳ баромадӣ, Бар дида ҷилва кардиву дар ҷон даромадӣ. Рафтиву буд рӯи ту аз моҳу меҳр беҳ, Миннат Худоро, ки аз он беҳтар омадӣ.
Гӯӣ ки манам ёри ту, эй ҷону, набошӣ
Гӯӣ ки манам ёри ту, эй ҷону, набошӣ В-аз ёрии ағёр пушаймону набошӣ. Бечора ман, он дам, ки зи гул бӯи ту ояд, Бар бӯи ту оям ба гулистону набошӣ.
Ба роҳам дидиву нодида кардӣ,
Ба роҳам дидиву нодида кардӣ, Саломат гуфтаму нашнида кардӣ. Гар ин маънӣ писанди хотири туст, Намегӯям, ки напсандида кардӣ.
Зи мо ҳамегузариву ба мо наменигарӣ,
Зи мо ҳамегузариву ба мо наменигарӣ, Чӣ ҷурм рафту хиёнат – чаро наменигарӣ? Зи ҷаври он, ки қафо сӯйи мо куниву равӣ, Ҳамекунем фиғон в-аз қафо наменигарӣ?
Сабзхату гулрухо, тозабаҳори кистӣ?
Сабзхату гулрухо, тозабаҳори кистӣ? Тарфи кулаҳ шикастаӣ, турфанигори кистӣ? Маркаби ноз зери рон, карда камон зи абрувон, Новаки ғамза бар камон – баҳри шикори
Чун рухат бинам, сари хеш аз ҷафо пеш афканӣ,
Чун рухат бинам, сари хеш аз ҷафо пеш афканӣ, В-оташи маҳрумиям дар синаи реш афканӣ. Шаҳр пурғавғо шуд аз ту, кош чун оӣ бурун, Дафъи ғавғоро ниқобе бар рухи х
Аз ҳеч нишон дода даҳоне, ки ту дорӣ,
Аз ҳеч нишон дода даҳоне, ки ту дорӣ, Бар мӯи камар баста миёне, ки ту дорӣ. Сад ҷомаи ҷон чок шавад, чун бихиромад, Бо лутфи қабо, сарви равоне, ки ту дорӣ.
Равшан шабе, ки шамъи шабистони ман шавӣ,
Равшан шабе, ки шамъи шабистони ман шавӣ, Зулматзудои кулбаи эҳзони ман шавӣ. Ҷон рехтам ба пои ту аз чоки сина, кош По дар ҳарими сина ниҳӣ, ҷони ман шавӣ.
Дар вақти гул, эй булбул, фарёд басе дорӣ,
Дар вақти гул, эй булбул, фарёд басе дорӣ, Хуш вақти ту, к-аз ҳар гул фарёдрасе дорӣ. Аз қофилаи Лайлӣ гар вопасӣ, эй Маҷнун, Ин бас, ки ба гӯш аз вай бонги ҷар
Бар гул аз сабзаи хат ғолиямӯе дорӣ,
Бар гул аз сабзаи хат ғолиямӯе дорӣ, Чашми бад дур чӣ ороста рӯе дорӣ. Чӣ диловез бувад зулфи ту, ё Раб, ки дар ӯ, Сад дил овехта, ар ҳар сари мӯе дорӣ.
Эй хоҷа, чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишоне,
Эй хоҷа, чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишоне, Ҳар шаб шаби қадр аст агар қадр бидонӣ. Равшан ба ту гӯям, ки шаби қадр кадом аст, Гар з-он, ки ту идроки шаби қадр тавонӣ.
Шаб ки рафтӣ зи барам муниси ҷони кӣ шудӣ?
Шаб ки рафтӣ зи барам муниси ҷони кӣ шудӣ? Мардуми дидаи хунобафишони кӣ шудӣ? Баҳри меҳмонии ту моидаи айш кӣ сохт? В-аз лабу хат намаки сабзаи хони кӣ шудӣ?
Баҳри хаданги оҳ аз бедоди дилситонӣ
Баҳри хаданги оҳ аз бедоди дилситонӣ Бошад ба паҳлуи дил ҳар устухон камоне. Аз нолаи дамодам фарсуда шуд забонам, Мебоядам зи оҳан ҳамчун ҷарас забоне.
Гирифт хотират аз ошиқони шайдоӣ,
Гирифт хотират аз ошиқони шайдоӣ, Ки зуд меравӣ, эй ҷону дер меоӣ?... Замони васл басе кӯтаҳ асту ҳаҷр дароз, Дигар намонд дар ин меҳнатам шикебоӣ.
Биё, эй ишқи пурғавғо, ки дар ҳар ҷо фурӯд оӣ,
Биё, эй ишқи пурғавғо, ки дар ҳар ҷо фурӯд оӣ, Ғам орӣ, ҷон гудозӣ, умр коҳӣ, меҳнат афзоӣ. Чӣ гуфтам, лав ҳашаллоҳ, чун зи рух парда барандозӣ,
Ишқи ту мансух сохт дафтари алломагӣ,
Ишқи ту мансух сохт дафтари алломагӣ, Бар варақи мо навишт ҳарф ба сарномагӣ. Хилъати шаҳ бод чуст бар қади хосон, ки ҳаст, Ҷомаи дарвеш бас хилъати беҷомагӣ.
Ба ҳар ки ҳаст чу ширу шакар даромезӣ,
Ба ҳар ки ҳаст чу ширу шакар даромезӣ, Маро бибиниву аз ман зи дур бигрезӣ. Ҳазор ҳила кунам то расам ба суҳбати ту, Ҳанӯз пеши ту ман нонишаста, бархезӣ.
Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ,
Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ, Мани лабташнаро то чанд баҳри қатрае сӯзӣ?! Сияҳ шуд рӯзи ман з-ин ғам, ки гирам зулфи шабрангат, Намедонам, ки ин
Битобӣ бар ҳама чун моҳу аз ман рӯй бартобӣ,
Битобӣ бар ҳама чун моҳу аз ман рӯй бартобӣ, Ба ҳар кас шаккару шириву бо ман оташу обӣ. Кашӣ ҳар каҷниҳодеро камоносо ба сӯйи худ, Маро дур афканӣ аз пеши рӯ,
То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ,
То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ, Комситон з-он лаби майгун наӣ. То нахӯрӣ ғӯтта ба дарёи ашк, Толиби он гавҳари макнун наӣ.
