Дар вақти гул, эй булбул, фарёд басе дорӣ,
Дар вақти гул, эй булбул, фарёд басе дорӣ,
Хуш вақти ту, к-аз ҳар гул фарёдрасе дорӣ.
Аз қофилаи Лайлӣ гар вопасӣ, эй Маҷнун,
Ин бас, ки ба гӯш аз вай бонги ҷарасе дорӣ.
Аз кӯи вай, эй зоҳид, моил сӯйи фирдавсӣ,
Гар нағлатам аз бӯстон, рӯ дар қафасе дорӣ.
Парвонасифат ҳар кас гирди сари ту гардон,
Лекин ту куҷо ҳаргиз парвои касе дорӣ.
Аз баҳри Худо бигсил пайванди рақиб аз худ,
То чанд чу гул домон дар чанги хасе дорӣ.
Кардӣ бадал, эй сӯфӣ, асбоби ҷаҳон ширин,
Бо даъвии товусӣ шуғли магасе дорӣ.
Аз меҳри бутон, Ҷомӣ, ҳар лаҳза барорӣ дам,
Чун субҳ дар ин маънӣ равшан нафасе дорӣ.