Гирифт хотират аз ошиқони шайдоӣ,
Гирифт хотират аз ошиқони шайдоӣ,
Ки зуд меравӣ, эй ҷону дер меоӣ?...
Замони васл басе кӯтаҳ асту ҳаҷр дароз,
Дигар намонд дар ин меҳнатам шикебоӣ.
Бурун фитод дилам бе рухат зи пардаи сабр,
Раво мадор, ки корам кашад ба расвоӣ.
Маро чи тоқати рӯйи ту дидан аз наздик,
Бас ин, ки гӯшаи бурқаъ зи дур бинмоӣ.
Бар остони туам, ҳамчу дар, ситода ба пой,
Ба гӯш ҳалқаи хидмат, ба ҳар чи фармоӣ.
Макун ба нуктаи ширин чу тӯтиям таҳсин,
Ки ман зи лаъли лабат дорам ин шакархоӣ.
Ба кӯйи зоҳидӣ осудагӣ маҷӯ, Ҷомӣ,
Қадам бурун неҳ аз ин кӯй то биёсоӣ.