Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар он роҳам кушоде нест чандон,
Дар он роҳам кушоде нест чандон, Ки манзил дуру зоде нест чандон. Зи ҳар сӯ раҳзанонанд истода, Маҷоли истоде нест чандон.
Гар ёри моро бурд ойи ёрон,
Гар ёри моро бурд ойи ёрон, З-ин гуна бошад, эй войи ёрон. Он ғайрати ҳур аз дар даромад, Шуд рашки ҷаннат маъвои ёрон.
Эй, аз ту ба хуни дил рангин чу гулам домон,
Эй, аз ту ба хуни дил рангин чу гулам домон, Бурд аз дили ман доғат савдои гуландомон. Рӯят зи назар пинҳон дар васфи ҷамолат пур, Ҳам зовияи хосон, ҳам анҷуман
Доранд ҷамъи моро хубони мӯпарешон,
Доранд ҷамъи моро хубони мӯпарешон, Хуш бод вақти эшон, чун вақти мо зи эшон. Ҷамъияти дил ояд аз зулфашон ба маънӣ, Гарчи зи рӯи сурат бошанд мӯпарешон.
Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман,
Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман, Ба поят то кашам ҷонро гузар доманкашон бар ман. Диле дорам ман аз меҳри ту пур в-аз дигарон холӣ, Чӣ бошӣ ме
Инояте накунад ёри нозанин бо ман,
Инояте накунад ёри нозанин бо ман, Хуш аст бо ҳама хуниндилон, ғамин бо ман. Кушодарӯст ба ҳар кас ба сони гул, лекин Гиреҳ чу ғунча фикандааст дар ҷабин бо ман
Эй, дар ғамат ангуштнамо сабҳашуморон,
Эй, дар ғамат ангуштнамо сабҳашуморон, З-абрӯи каҷат ҳамчу камон хамчиладорон. Сокин нашуд аз оби мижа оташи оҳам, Биншаст фурӯ шуълаи барқ аз нами борон.
Соқӣ баромад абри баҳорон,
Соқӣ баромад абри баҳорон, Шуд сабзаву гул хуррам зи борон. Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола, Лола алам зад дар кӯҳсорон.
Хоне кашида ишқ сазовори офарин,
Хоне кашида ишқ сазовори офарин, Бисмиллаҳ, эй ҳарифи гадохӯи раҳнишин. Аз файзи ому хос аҷаб хирмане ниҳод, К-аъёни коинот аз онанд хӯшачин.
Эй рухи ту ҷаннати аҳли яқин,
Эй рухи ту ҷаннати аҳли яқин, Лаъли ту сарчашмаи мои маъин. Муттақӣ он аст, ки домони дил Шуст зи олудагии кибру кин.
Рафтиву дидаам ба видои ту хунфишон,
Рафтиву дидаам ба видои ту хунфишон, Ҷону дил аз қафои ту дар хоку хун кашон. Эй чашмаи ҳаёт, зи шавқи ту сӯхтам, Боз о, равону оташи шавқам фурӯ нишон.
Ҷони ширин аст гуфтам он ду лаб, гуфт он даҳон:
Ҷони ширин аст гуфтам он ду лаб, гуфт он даҳон: Дар миёни ҷони ширин сирри мо бояд ниҳон. Кай латифонро бувад тоби дуруштӣ ин ҳама, Аз даҳон берун маёвар сӯйи л
Нест ҷуз риштаи ҷон к-аз лаби борики даҳон,
Нест ҷуз риштаи ҷон к-аз лаби борики даҳон, Ба шакарханда кушояд гиреҳ аз кори ҷаҳон. Дил ҳамеҷуст нишоне зи миёни ту, вале Ҷуз магар з-он талабаш ҳеч наёмад ба
Ақл мегуфт, ки чанд аст сифоти туву чун,
Ақл мегуфт, ки чанд аст сифоти туву чун, Ишқ зад бонг, ки субҳонака аммо ясифун. Шеваи ишқ бувад кашфи ҳақоиқ кардан, Ақл аз уҳдаи ин кор наёяд берун.
Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем,
Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем, Дар як назора куштаи ҷавлони ӯ шавем. Ҷавлонгаҳаш кадом замин аст, к-аз мижа, Хошокрӯби арсаи майдони ӯ шавем.
Шаб нест, ки аз завқи рухаш зор намирам,
Шаб нест, ки аз завқи рухаш зор намирам, Сад раҳ нашавам зиндаву сад бор намирам. Ҳар дам натавон рӯи ту дид, ин қадарам бас, К-аз меҳнати маҳрумии дидор намира
Чу моҳи ман сафарӣ шуд, ватан намехоҳам,
Чу моҳи ман сафарӣ шуд, ватан намехоҳам, Ватан чӣ чиз бувад, зистан намехоҳам. Ҳиҷоби ҷони ман омад бадан зи суҳбати ӯ, Маро бас аст ҳамин ҷон, бадан намехоҳам.
Маро кай бошад он ёро, ки чашм аз ёр барбандам,
Маро кай бошад он ёро, ки чашм аз ёр барбандам, Ба қавли пандгӯён дида аз дидор барбандам. Бирафт аз дасти ман сарриштаи тасбеҳ, кӯ торе, Зи зулфи тор-тори ёр,
Надорам сабр, к-аз рӯйи ту чашми хунфишон бандам,
Надорам сабр, к-аз рӯйи ту чашми хунфишон бандам, В-агар аз ман бипӯшӣ рӯй, аз номат забон бандам. Гирифторам ба банди ишқи ту, аз ман машав ранҷа, Пайи рӯпӯш а
Шаб хаёлат чу шавад пардагии манзари чашм,
Шаб хаёлат чу шавад пардагии манзари чашм, То саҳар аз мижа мисмор занам бар дари чашм. Чашмам аз лаъли ту шуд ҳуқаи гавҳар, бихиром, То ба пойи ту кашам ҳуқаи
Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам,
Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам, Зи оғозаш наям огоҳу поёнаш намедонам. Чу чавгон бозад он маҳрух, касе кай сар кашад, чун ман
Рӯзи мурдан к-аз висоли дӯстон дил барканам,
Рӯзи мурдан к-аз висоли дӯстон дил барканам, Аз ҳама осон, валекин аз ту мушкил барканам. Дар муқобил чун занӣ хиргаҳ чу маҳ, ҳошо ки ман, Хайма бар азми ҷудоӣ
Ман басе хубони олам дидаам,
Ман басе хубони олам дидаам, Чун ту дар олам касе кам дидаам. Чашми ман бенам мабодо гар гаҳе, Чашми худро бе ту бенам дидаам.
Эй, равшан аз фурӯғи рухат хонаи дилам,
Эй, равшан аз фурӯғи рухат хонаи дилам, Нақди ғами ту ганҷ ба вайронаи дилам. Аз ғам маро чӣ бим, ки ҳаст аз ҳарими васл, Сад равзани умед ба ғамхонаи дилам.
Кардӣ зи рондагони дари худ шумораам,
Кардӣ зи рондагони дари худ шумораам, Дар кӯйи ту на саг, на гадоям, чӣ кораам? Рӯзӣ нашуд зи сели сиришкам лиқои ту, Холист аз фурӯғи саодат ситораам.
