Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гар ёри моро бурд ойи ёрон,

Гар ёри моро бурд ойи ёрон, З-ин гуна бошад, эй войи ёрон. Он ғайрати ҳур аз дар даромад, Шуд рашки ҷаннат маъвои ёрон. Гар худ нахондӣ ҳаргиз набудӣ Рафтан бад-он кӯ ёрои ёрон. Он фитна ҳар ҷо бинмуда боло, Боло гирифта ғавғои ёрон. Бегона орад бар ман тараҳҳум, Азбаски гаштам расвои ёрон. Ҷомӣ надорад дар сар ҳавое, Ҷуз сар ниҳодан дар пойи ёрон.