Дар он роҳам кушоде нест чандон,
Дар он роҳам кушоде нест чандон,
Ки манзил дуру зоде нест чандон.
Зи ҳар сӯ раҳзанонанд истода,
Маҷоли истоде нест чандон.
Шаби андӯҳи ҳиҷрон дидагонро
Умеди бомдоде нест чандон.
Бикун бо номуродон ҳарчи хоҳӣ,
Ки инонро муроде нест чандон.
Ба теғи ифтироқ аз ҷон буридем,
Чу бо мо иттиҳоде нест чандон.
Ба зуҳди хеш мағрур аст зоҳид,
Ба ишқаш эътимоде нест чандон.
Салоҳи кор ҷуз маъшуқу май нест,
Дар ин даъво фасоде нест чандон.
Ба теғи ишқ, Ҷомӣ, кушта шав зуд,
Ки бар умр эътимоде нест чандон.