Кардӣ зи рондагони дари худ шумораам,
Кардӣ зи рондагони дари худ шумораам,
Дар кӯйи ту на саг, на гадоям, чӣ кораам?
Рӯзӣ нашуд зи сели сиришкам лиқои ту,
Холист аз фурӯғи саодат ситораам.
Гар дар миёни базми худам ҷо намедиҳӣ,
Бигзор чун назоракунон бар канораам.
Куштан чӣ эҳтиёҷ, чу хоҳӣ ҳалоки ман,
Тороҷи ҷон бас аст зи ту як наззораам.
Бояд бар орзуи манат ҳуҷҷате дуруст,
Бин ҷайби чок-чоку дили пора-пораам.
Мегуфт шаб арӯси сипеҳрам, ки Ҷомиё,
Зевар зи дурри назми ту ёбад ҳамораам.
Гар бигсиланд иқди сурайё маро зи гӯш,
Дурҳои шоҳвори ту бас гӯшвораам.