Гар зи бори ғами ҳиҷри ту ба танг аст дилам,
Гар зи бори ғами ҳиҷри ту ба танг аст дилам,
Чӣ кунам, қатраи хун аст, на санг аст дилам.
Ҷазби ишқи ту наҳанги дуҷаҳоношом аст,
Гоми ҳиммат зада дар коми наҳанг аст дилам.
Гар туро орзуи дидани дидори худ аст,
Карда оинаи худ пок зи занг аст дилам.
То чаро пеши хаданги ту шавад сина сипар,
Рӯзгорест ки бо сина ба ҷанг аст дилам.
Муҳтасиб гӯй бишикан чанг, ки сарриштаи ишқ,
Аз сари зулфи ту оварда ба чанг аст дилам.
Баски бар дил задаем тир пайи мурғи ғамат,
Қафасе сохта аз чӯби хаданг аст дилам.
Ҷомӣ, аз хумми фано бодаи якрангӣ хоҳ,
Ки гирифта зи ҳарифони дуранг аст дилам.