Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй рухи ту ҷаннати аҳли яқин,

Эй рухи ту ҷаннати аҳли яқин, Лаъли ту сарчашмаи мои маъин. Муттақӣ он аст, ки домони дил Шуст зи олудагии кибру кин. Сайқалии ишқ зи ҷонаш зудуд Ранги тасорифи шуҳуру санин. Рахт ба манзилгаҳи итлоқ бурд, Раст зи қайди хираду ақлу дин. Ҷисми ту, Ҷомӣ, зи Аҷам мустаманд, Омаду ҷонат зи Араб мустаин.