Рафтиву дидаам ба видои ту хунфишон,
Рафтиву дидаам ба видои ту хунфишон,
Ҷону дил аз қафои ту дар хоку хун кашон.
Эй чашмаи ҳаёт, зи шавқи ту сӯхтам,
Боз о, равону оташи шавқам фурӯ нишон.
Дил бастаи ҳавас чӣ занам лофи меҳри ту,
Кори муҳаввасон набувад меҳри маҳвашон.
Ошиқ куҷо ба бода барад лаб чунин, ки ҳаст
Аз соғари хаёли лабат масту сархушон.
Тири туро касон зи дилу ҷон нишон диҳанд,
Надҳад кас аз бутони дигар инчунин нишон.
Ҷомӣ, чу ёри тангқабо зад раҳат, бигир
Домони ӯву бар ду ҷаҳон остинфишон.