Ҷони ширин аст гуфтам он ду лаб, гуфт он даҳон:
Ҷони ширин аст гуфтам он ду лаб, гуфт он даҳон:
Дар миёни ҷони ширин сирри мо бояд ниҳон.
Кай латифонро бувад тоби дуруштӣ ин ҳама,
Аз даҳон берун маёвар сӯйи лаб ҳар дам забон.
Ту маро ҷониву то гирди миён бастӣ камар,
Бо ту дорам чун камар, эй нозанин, ҷон дар миён.
Чун рафиқонро ниҳӣ хон, бо рақибонам гузор,
Бо тани лоғар, ки бас бошад сагонро устухон.
Ҳар касат гӯяд зиҳӣ, з-ӯ чин дар абрӯ афканӣ,
Дарнамеорад ба зеҳ абрӯи ту сар дар камон.
Ҳарзи ту аз чашми бад Ҷомист аз баҳри худой,
Чун кушоӣ парда аз ораз, нахуст ӯро бихон.