Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем,

Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем, Дар як назора куштаи ҷавлони ӯ шавем. Ҷавлонгаҳаш кадом замин аст, к-аз мижа, Хошокрӯби арсаи майдони ӯ шавем. Моро таматтуъе набувад аз ҷамоли ӯ, Азбаски дар мушоҳида ҳайрони ӯ шавем. Ҳар ташналаб зи ҷӯй кунад ҷустуҷӯйи об, Мо ташналаб зи чоҳи занахдони ӯ шавем. Бикшой бурқаъ аз рухаш, эй боди навбаҳор, То андалеби тозагулистони ӯ шавем. Печад ба пардаҳои фалак дуди оҳи ман, Чун шуълазан зи оташи ҳиҷрони ӯ шавем. Бо ошиқони бесару сомон хуш аст ёр, Ҷомӣ, биё, ки бесару сомони ӯ шавем.