Ақл мегуфт, ки чанд аст сифоти туву чун,
Ақл мегуфт, ки чанд аст сифоти туву чун,
Ишқ зад бонг, ки субҳонака аммо ясифун.
Шеваи ишқ бувад кашфи ҳақоиқ кардан,
Ақл аз уҳдаи ин кор наёяд берун.
Қавли «кун» амри туро таъмияи рӯпӯш аст,
В-арна перомани сунъи ту на коф асту на нун.
Худ ба ҳар шакл, ки хоҳӣ бадар ойӣ в-онгаҳ,
Ба ҷаҳон дарфиканӣ дабдабаи кунфаякун.
Ҳама аз ишқи ту мастанд, чӣ наздику чӣ дур,
Ҳама дар роҳи ту пастанд, чӣ оливу чӣ дун.
Ҷигарам хун шуду ҷамъияти дил даст надод,
Ҷои он аст, ки аз дида фурӯ резам хун.
Ғунчасон рози дили хеш ниҳон дорам, лек,
Ашк чун лола нишон медиҳад аз доғи дарун.
Кай шавад бодияи дуриву маҳҷурӣ тай,
То ки Маҷнун нашавад Лайливу Лайлӣ Маҷнун.
Ҷомӣ, аз ишқ сухан гӯй, ки дар машраби мо,
Ҳарчи ҷуз қиссаи ишқ аст, фасонасту фусун.