Шаб нест, ки аз завқи рухаш зор намирам,
Шаб нест, ки аз завқи рухаш зор намирам,
Сад раҳ нашавам зиндаву сад бор намирам.
Ҳар дам натавон рӯи ту дид, ин қадарам бас,
К-аз меҳнати маҳрумии дидор намирам.
Дар ғамкадаи бекасиям хуфта ба хорӣ,
Ин сӯ қадаме неҳ, ки чунин хор намирам.
Бахшам ба раҳат умр, ки аз шарти вафо нест,
Гар дар раҳи ёрони вафодор намирам.
Бикшой ба рӯям дари роҳат ба нигоҳе,
То ранҷа зи ғам рӯй ба девор намирам.
Наздик ба хешам бикаш аз ғамза, ки боре
Дур аз ту ба коми дили ағёр намирам.
Ҷомӣ, на зи бекории ишқ аст ғами ман,
З-он аст ғами ман, ки дар ин кор намирам.