Чу моҳи ман сафарӣ шуд, ватан намехоҳам,
Чу моҳи ман сафарӣ шуд, ватан намехоҳам,
Ватан чӣ чиз бувад, зистан намехоҳам.
Ҳиҷоби ҷони ман омад бадан зи суҳбати ӯ,
Маро бас аст ҳамин ҷон, бадан намехоҳам.
Зи хоҳиши дили худ додамаш хабар, гуфто:
Чи суд хостани ту чу ман намехоҳам.
Намонд дар сари ман ҷуз ҳавои он сари кӯй,
Тавофи гулшану тарфи чаман намехоҳам.
Чунон бар он тани нозук ҳамебарам ғайрат,
Ки диданаш ба таҳи пираҳан намехоҳам.
Зи бас бувад кафи пояш латиф баҳри хиром,
Расиданаш ба гули настаран намехоҳам.
Бибанд лаб зи ғазал, Ҷомиё, ки сирри ғамаш,
Тарона гашта ба ҳар анҷуман намехоҳам.