Маро кай бошад он ёро, ки чашм аз ёр барбандам,
Маро кай бошад он ёро, ки чашм аз ёр барбандам,
Ба қавли пандгӯён дида аз дидор барбандам.
Бирафт аз дасти ман сарриштаи тасбеҳ, кӯ торе,
Зи зулфи тор-тори ёр, то зуннор барбандам.
Наёрам шарҳи ғамҳои дил аз паҳлу бурун додан,
Агар паҳлуи ҳам сад най чу мусиқор барбандам.
Чу дастам кӯтаҳ аст аз домани он гул, чи ҳосил з-он,
Агар сад даста гул бар ёдаш аз гулзор барбандам.
Зи ҳиҷрон синаам бишкофт, ку пайконе аз тираш,
К-аз он марҳам шикофи синаи афгор барбандам.
Нафас барн-оядам бе нолаи зор аз дарун ҳаргиз,
Бимирам гар даҳон аз нолаҳои зор барбандам.
Маро шуд нукта борик аз хаёли он миён, Ҷомӣ,
Муғаннӣ ку, ки бар уди сухан ин тор барбандам.