Шаб хаёлат чу шавад пардагии манзари чашм,
Шаб хаёлат чу шавад пардагии манзари чашм,
То саҳар аз мижа мисмор занам бар дари чашм.
Чашмам аз лаъли ту шуд ҳуқаи гавҳар, бихиром,
То ба пойи ту кашам ҳуқаи пургавҳари чашм.
Ҳалқаи зулф барандоз, ки бас торикаст
Бе маҳи талъати ту манзили пурахтари чашм.
Гар хаёли рухи ту шамъ надорад дар пеш,
Ба шабистони хаёлат кӣ шавад раҳбари чашм?
Дам ба дам дил зи дарун чашмаи хун бикшояд,
То бишӯяд рақами ғайри ту аз дафтари чашм.
Баъди дидори ту чун оташи шавқам сӯзад,
Хезадам сад алами нур зи хокистари чашм.
Чашми ман ҷумла даҳон шуд, ки хӯрад хоки дарат,
Нест ҷуз хоки дарат қути дигар дархӯри чашм.
Мижа гар хӯшк ва гар тар, ба раҳат ҷорубест,
Мекашам зери қадамҳои ту хушку тари чашм.
Ҷомӣ, имшаб, ки хаёли лаби ӯ меҳмон аст,
Пур майи лаъл кун аз шишаи дил соғари чашм.