Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рӯзи мурдан к-аз висоли дӯстон дил барканам,

Рӯзи мурдан к-аз висоли дӯстон дил барканам, Аз ҳама осон, валекин аз ту мушкил барканам. Дар муқобил чун занӣ хиргаҳ чу маҳ, ҳошо ки ман, Хайма бар азми ҷудоӣ аз муқобил барканам. Кай сазад дар роҳи Рахшат саҷдаи меҳробиён, Кош битвонам, ки шакли наълаш аз гил барканам. Гар ба гӯшам кам расад аз ҳавдаҷат бонги дарой, Занги меҳру моҳ аз ин фирӯза маҳмил барканам. Дар наёяд сар ба ҳар завқе саги кӯйи туро, Даст кӯ, к-аз гардани гардун ҳамоил бар кунам. Бо ту ғайреро чи ҳадди маҳфилафрӯзӣ бувад, Хоҳам аз ғайрат, ки сар аз шамъи маҳфил бар кунам. Гуфтиям, Ҷомӣ зи ман худро халосӣ деҳ ба сайр, Дар чи бандам дил к-аз ин шаклу шамоил барканам?