Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ,

Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ, Мани лабташнаро то чанд баҳри қатрае сӯзӣ?! Сияҳ шуд рӯзи ман з-ин ғам, ки гирам зулфи шабрангат, Намедонам, ки ин давлат каям хоҳад шудан рӯзӣ. Зи тоби хашм рух афрӯхтӣ в-оташ задӣ дар ман, Маозаллоҳ агар бори дигар ин оташ афрӯзӣ. Зи чашмат дилбарӣ омӯхтӣ, дил аз ҳама бурдӣ, Чӣ бошад, к-аз лаби ҷонбахши худ дилдорӣ омӯзӣ. Сулаймонӣ ба мулки дилбарӣ, хотам лаби лаълат, Мабодо девро бар хотами лаъли ту фирӯзӣ. Машав оҳуи доми ҳар кас он беҳ к-андарин саҳро Каманди ҳиммат андозиву сайди иззат андузӣ. Зи чоки ҷайби ҷон, Ҷомӣ, кунӣ гум нақди умр охир, Бар он чок арна аз домони васлаш васлае дузӣ.