Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Шаб ки рафтӣ зи барам муниси ҷони кӣ шудӣ?

Шаб ки рафтӣ зи барам муниси ҷони кӣ шудӣ? Мардуми дидаи хунобафишони кӣ шудӣ? Баҳри меҳмонии ту моидаи айш кӣ сохт? В-аз лабу хат намаки сабзаи хони кӣ шудӣ? Ҳамчу гул хандазанон рафтиву чун сарви равон. Гули хандони киву сарви равони кӣ шудӣ? Суди чашмиву зиёни дилу дин, баҳри худой, Чун бирафтӣ зи барам, суду зиёни кӣ шудӣ? Ман шудам пайсипари ҳаҷр зи бас пириву заъф, Ту ба он тозарухӣ бахти ҷавони кӣ шудӣ? Рози ман фош шуд имрӯз зи бас гиряву оҳ, То ту шаб маҳрами асрори ниҳони кӣ шудӣ?! Ҳеч бар гуфтаи Ҷомӣ наниҳӣ гӯши ризо, Ё раб, ин сон зи самоъи суханони кӣ шудӣ?