Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Бар он диле, ки зи мижгони ёр шуд носур,

Бар он диле, ки зи мижгони ёр шуд носур, Намак мапош ба захмаш зи марҳами кофур. Зи доғ лоласифат равнақи дигар дорад, Аз ин бисот бувад хонаи дилам маъмур. Рабуда меҳри ҷамоли ту хат зи ҳалқаи зулф, Чунон ки мавҷи зумуррад зи чашми афъӣ нур. Зи тангнои ҷаҳон даргузар ба олами дил, Даро ба мулки Сулаймони зору дидаи мӯр. Ба дида сурмаи ибрат надоштӣ варна, Ба пеши чашми ту бинӣ, кашида сурати кӯр. Ба офтоб назар кун, ки аз сипеҳри баланд Назораи маҳи рӯи ту меканад аз дур. Маро ба кунҷи ватан обрӯ намебошад, Даруни баҳр бувад қимати гуҳар мастур. Парӣ, ту низ ҳамон гӯй, он чӣ Бедил гуфт: «На ҷоми бода шиносам, на косаи танбӯр».