Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Ҳар нафас дар чашми ман ҳусни дигар дорад баҳор,

Ҳар нафас дар чашми ман ҳусни дигар дорад баҳор, Аз гули рӯят магар бӯе асар дорад баҳор. Ҷилваву ранги гулистоне, ки дар оина дошт, Як ҷаҳон ҳайронӣ бар аҳли назар дорад баҳор. Баҳри исори қадат гар нест, эй моҳ, аз чӣ рӯст, Ин қадар дар кисаи гул мушти зар дорад баҳор. Зиндагӣ бахшад ҷаҳони реги сармокуштаро, Чашмаи Хизру дами Исо магар дорад баҳор?! Ҳар гулеро дастгоҳу рангу бӯи дигар аст, Ҳукми раббонӣ ба олам он қадар дорад баҳор. Файзи арбоби карам тахсиси неку бад надошт, Дар саводи шаҳру саҳро як назар дорад баҳор. Аз Парӣ дар боғи ҳусну ишқ соҳибдавлате, Чашми як гул хандаи захми ҷигар дорад баҳор.