Гирифт холи туро хатти сабзранг ба бар,
Гирифт холи туро хатти сабзранг ба бар,
Кушод болу пар ин тӯтӣ, ёфт чун шаккар.
Ғурури ноз бубину фурӯтанию ниёз,
Нарехт хуни ҳино, то назад ба пояш сар.
Мабод зулфи каҷ аз рӯи ҳамчу моҳаш дур,
Ки саъди мост дар ӯ, гарчи ақраб асту қамар.
На қатъ кард ба теғу на баст бар фитрок,
Ба пош то нафитод ин сари бурида дигар.
Парӣ, бубин ба Сулаймони ҳусну хотами ӯ,
Масеҳи лаъли лабаш Хизри хат гирифт ба бар.