Рух намудӣ, гул бинои рангу бӯ бар бод дод,
Рух намудӣ, гул бинои рангу бӯ бар бод дод,
Лаб кушудӣ, сели оташ ғунча бар бунёд дод.
Сабз бошӣ, эй баҳор, ин ишрат аз файзи ту бод,
Хандаи гул шодмонӣ дар дили ношод дод.
Хӯрдаам сад новак аз мижгони бедодаш кунун,
Мекунам дар пеши чашмаш, ҳар чӣ бодо, бод дод!
Дар чаман танҳо на тӯбо дошт таъзими қадаш,
Бӯсаҳо дар пои он сарви равон шамшод дод.
Аз нигаҳ чашми ту эҷоди тағофул мекунад,
Ин қадар таълими ҷодуӣ кадом устод дод?
Боғ аз нақши тасаввурҳои тасвири қадат
Сад қиёмат шӯр дар дил хомаи Беҳзод дод.
Бас намеояд ба ҷуз афкандагиҳо аз Парӣ,
К-ин сифат килки қазо чун шона дар эҷод дод.