Дидам гули рӯе, нигаҳам ранг баровард,
Дидам гули рӯе, нигаҳам ранг баровард,
Дил бар мижаам нола ба оҳанг баровард.
Оинаи теғат рухи зангор набинад,
К-он покгуҳар номи ман аз нанг баровард.
Дерест, ки иқлими баёне нагирифтам,
Шамшери забонам ба даҳон занг баровард.
Гулҳо ҳама з-осеби асар гӯша гирифтанд,
Паррӣ чу фиғоне зи дили танг баровард.