Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Шукр, к-аз зулмати андеша наҷотам доданд,

Шукр, к-аз зулмати андеша наҷотам доданд, Синае софтар аз оби ҳаётам доданд. Шарбате, к-аз ҳавасаш Хизру Сикандар ҷон дод, З-оби лаб нӯш ба вақти шакаробам доданд. Солҳо ҳалқаи ибрат задаам бар дари чашм, То зи дил қатраи хуне ба закотам доданд. Бас ба хун ғӯта задам рақскунон, к-охири кор Раҳ ба он шоҳиди ширинҳаракотам доданд. Хол монанд ба рух, гарчи сипандам чу Парӣ, Бар сари оташи сӯзанда суботам доданд.