Диле дорам, ки шавқаш бистар аз паҳлӯ бисӯзонад,
Диле дорам, ки шавқаш бистар аз паҳлӯ бисӯзонад,
Саре дорам, ки фикри улфаташ зону бисӯзонад.
Касе аз доми ишқи гулрухон солим намемонад,
Намесӯзад агар аз холу хат гесӯ бисӯзонад.
Намебошад ба васли шӯъла ғайр аз дуд бурҳоне,
Ба зулфаш сохтам, то шӯхи оташрӯ бисӯзонад.
Чӣ мепурсӣ зи барқи ҷилваи ҳайратгудози ӯ,
Ки як дам ҷавҳари ойинаҳо чун мӯ бисӯзонад.
Ба тангам аз фиғону шӯри гумҷӯёни ин гулшан,
Диламро қумриёни боғ аз ку-ку бисӯзонад.
Қади минову рӯи соқӣ бинад аз қазо зоҳид,
Барафрӯзад зи тӯбӣ оташу мино бисӯзонад.
Сияҳчашме, ки дил девонаи ваҳшиғизоли ӯст,
Зи барқи рам нигаҳ дар дидани оҳу бисӯзонад.
Намесозам ба неъмат, то нагирам ком аз васлаш,
Чу дӯзах равзаи ҷаннат маро бе ӯ бисӯзонад.
Бути зоҳидфиреби порсо аз раҳбаре дорам,
Ки чашмаш дафтари Ҳорут аз ҷоду бисӯзонад.
Ҳилоли моҳ барқи офиятсӯзи катон омад,
Маро рухсори ёр аз ҷунбиши абрӯ бисӯзонад.
Ба хат ҳайрони ҳуснат мӯи оташдида гардонад,
Ба як сӯ мушкро дар нофаи оҳу бисӯзонад.
Ба ҳусни офтоби синаи шабнам чӣ кор ояд,
Агар ман об гардам, ҳосил он бадхӯ бисӯзонад.
Парӣ, бо неку бад месоз, гуфт Урфӣ, пас аз мурдан
Мусулмонат ба Замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад.