Кӯҳро ишқи ту гар сӯхта ё месӯзад,
Кӯҳро ишқи ту гар сӯхта ё месӯзад,
Дар дили санг шарар сӯхта ё месӯзад.
Доғам аз гармии дил боли самандар шудааст,
Оҳам аз сӯзи ҷигар сӯхта ё месӯзад.
Гар чунин хушкии савдост ба арбоби ҷунун,
Мағз дар косаи сар сӯхта ё месӯзад.