Дилам умрест аз чашми ту мижгон дар бағал дорад,
Дилам умрест аз чашми ту мижгон дар бағал дорад,
Ки гӯӣ чун сипоҳӣ теғи урён дар бағал дорад.
Ба худ, эй бехабар, аз қурбати султон чӣ менозӣ?
Нигин аз рӯсиёҳӣ номи шоҳон дар бағал дорад.
Намешояд ба ҷуз хуни дилу лахти ҷигар хӯрдан,
Хушо ринде, кабобу бода з-ин сон дар бағал дорад.
Шаҳиди теғи нозам, бе баҳоре нест хуни ман,
Кафи хокам пас аз мурдан гулистон дар бағал дорад.
Забони шона осон маҳрами гесӯ намегардад,
Ба сад чоки ҷигар зулфи парешон дар бағал дорад.
Наям аз бесаводӣ шармсори нуктафаҳмиҳо,
Парӣ, ҳар мисраам мазмуни девон дар бағал дорад.