Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Ту гар дар ҷилва оӣ, чашми хуршед об мегирад,

Ту гар дар ҷилва оӣ, чашми хуршед об мегирад, Ту дар оина бинӣ, хона дар симоб мегирад. Зи рӯяш дур кун, машшота, зулфи куфроинро, Ки аз ҷурми сиёҳӣ меҳри оламтоб мегирад. Зи ҷайби доманам дасти ҷунун кӯтоҳ мебошад, Катони дастгоҳи чок аз маҳтоб мегирад. Инони ашк натвонад кашидан чашми гирёнам, Ки дидахонаи мардум раҳи селоб мегирад. Кашида дар нафас ҳамчун саги девонае зоҳид, Биё, соқӣ, ба ҷоми май маро дарёб, мегирад. Зи сарафгандагӣ муштоқ бошад зулфи маҳбубон, Ки тоҷи сар шавад, ҳар кас раҳи одоб мегирад. Қадаш аз сарви ҷаннат боҷ гирад, зулфаш аз сунбул, Рухаш аз офтобу моҳи гардун тоб мегирад. Машав ҳайрон ба рӯяш, зулф агар дар печу тоб ояд, Ки мӯй аз қурби оташ роҳи печутоб мегирад. Парӣ, забти нафас сар дар гиребони дигар дорад, Агар гирад касе гавҳар, аз ин гирдоб мегирад.