Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Чун шарар як бастани чашм ошкорам кардаанд,

Чун шарар як бастани чашм ошкорам кардаанд, Нестам огаҳ, ки аз баҳри чӣ корам кардаанд. Хуни ман аз нофаам сангинбаҳо хоҳад шудан, Хубрӯён дар хами гесӯ шикорам кардаанд. Ҳамчу симобам, чӣ мепурсӣ дигар з-эъҷози ман? Беқарорам, беқарорам, беқарорам кардаанд. То чу тифлам бар канори дояи хокам ниҳанд, Бар наи мижгон чу ашк аввал саворам кардаанд. Дурам аз ҳусни ҳақиқат, з-ин маҷозолудагӣ Ҳамчу анқо бемусаммо номдорам кардаанд. Ишва нопайдост, то дар шиша ҷо дорад Парӣ, Аз расоиҳо чӣ гӯям, дар Ҳисорам кардаанд.