Бе ту дил такягоҳи олам шуд,
Бе ту дил такягоҳи олам шуд,
Сина оинадори сад ғам шуд.
Сиратам гар талоши ҷоҳ надошт,
Қоматам аз чӣ рӯ чу хотам шуд?
Килки фикрам ба ҳифзи маънии бикр
Қаламам имтиҳони Марям шуд.
Хок агар ҳирси зар надошт, чаро
Ганҷи олам бурун зи олам шуд?
Арақе аз ҳаё накард ҷабин,
Гул аз ин боғ доғи шабнам шуд.
Парӣ, аз лутфи шоҳи банданавоз
Дар биҳишти наъим Одам шуд.