Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Сари ҳар кас чу мино дар хати фармони ҷом афтад,

Сари ҳар кас чу мино дар хати фармони ҷом афтад, Равад аз хештан чандон, ки дар айши мудом афтад. Каломи ишқ дар бадномии ушшоқ мебошад, Маро чун қуръаи фоли накӯномӣ ба ном афтад. Каманд омодаи чинанд ҳалқа андар ин саҳро, Намедонам киро он оҳуи ваҳшӣ ба дом афтад. Намирам то абад, сад соғари заҳрам диҳад гардун, Агар аз нӯшдоруи лаби лаълаш ба ком афтад. Дил аз зулфи ту шамъи изтиробе мекунад равшан, Парешонӣ ғариберо, ки дар ҳангоми шом афтад. Шавад бебаҳра аз савдоии ишқи бутон он кас, Гиребонаш ба дасти рӯзгори некном афтад. Сабук магзар зи ашъори Парӣ, як дам тааммул кун, Гуҳар резад аз он гӯше, ки дар вай ин калом афтад.