Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Баски савдои туам то ба сар афтод, афтод,

Баски савдои туам то ба сар афтод, афтод, Доғ дар синаву дил то ҷигар афтод, афтод. Ин гули чашм, ки дар чашми ман, эй нури басар, Аз гули рӯи ту чун бехабар афтод, афтод. Лаби ширини туро нуқтаи холи сияҳ аст, Боз парвози магас дар шакар афтод, афтод. Қуръаи ҳусн ба номи туву расвоӣ ба ишқ Ба мани сӯхтаҷон аз қадар афтод, афтод. Шӯру савдои дигар бар сарам, эй силсиламӯй, Зулфи мушкини ту даври камар афтод, афтод. Ашкро ҳарзадавӣ аз назар андохт ба хок, Халаф аз чашми падар бадгуҳар афтод, афтод. Парӣ, кӯтоҳ кун афсона кунун аз раҳи ишқ, Сухан аз рутба чу дар гӯши кар афтод, афтод.