Мурғи дил дар қафаси танги тапидан афтод,
Мурғи дил дар қафаси танги тапидан афтод,
Ин ҳумо оқибат аз авҷи паридан афтод.
Дил на дар доми ту озод ба дидан афтод,
Ҷазбаи ишқ расо буд, зи дидан афтод.
Ҳусн безор шуд аз нафсу такаллуфро гуфт,
Мардуми чашми ман аз ҳасрати дидан афтод.
Дона дар хок чу афтод, дамидан дорад,
Тухми одам ба замини надамидан афтод.
Гар мизоҷи хафақонест ба иғвои ҳавас,
Юсуфи дил зи чӣ дар чоҳи тапидан афтод?
Беадаб, чанд ниҳӣ пой ба рӯи мардум,
Ашк дар хок аз ин ҳарза давидан афтод.
Ҳар кӣ дар доми ту афтод зи зуҳҳод нахуст
Дили расвои ман аз роҳи шунидан афтод.
Сурхрӯи ду ҷаҳон аст, Парӣ, пиндорӣ,
Ҳар кӣ дар майкадаи бода кашидан афтод.