Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Дар чаман дод агар файзи баҳорон гули сурх,

Дар чаман дод агар файзи баҳорон гули сурх, Мижа аз хуни дилам рехт ба домон гули сурх. На ҳамин дидаи мо маҳви тамошои ту буд, Рафтӣ бар боғу шуд аз рӯи ту хандон гули сурх. Мекунам сайри чаман, ранги вафо мебӯям, То ба ёдам диҳад аз захми шаҳидон гули сурх. Аз лаби лаълу гули рӯи ту имрӯз ба боғ, Ғунча ошуфта шуду чокгиребон гули сурх. Боли парвона кушо, булбул, агар шавқ расост, Дорад имшаб ба чаман ҷӯши чароғон гули сурх. Ин қадар ранҷ ба гулзори ҳино нест магар, Ба каф овардаӣ он хуни шаҳидон гули сурх. Ба тамошо ба дар о, бин, ки чӣ некӯ задаам Ба ту аз доғи ҷигар бар сари мижгон гули сурх. Ғайрати лаъли ту хун аз дили кон рехт магар, Кандаам ин қадар аз кӯҳи Бадахшон гули сурх. Танам аз ҷӯши гулу захм чамансоз омад, Ҷӯш зад ин қадар аз теғи ту сомон гули сурх. Бисмили нози туро сози баҳори дигар аст, Гар тапиш кард ҳама кӯҳу биёбон гули сурх. Пеши рӯ оина аз хуни Парӣ нест магар, Ку баҳоре, ки кунад чеҳраи мастон гули сурх.