Чун нагардад зулфи мушкини ту бар рухсор каҷ,
Чун нагардад зулфи мушкини ту бар рухсор каҷ,
Мӯ шавад наздики оташ, мешавад ночор каҷ.
Сарбазонукардагонро холӣ аз маънӣ мадон,
Бештар нахли гулистон мешавад аз бор каҷ.
Дар тани нопок рӯҳи покро улфат мадеҳ,
Об гардад з-ихтилоти ҷӯи ноҳамвор каҷ.
Қомати пирӣ пару бол аст бар умри дароз,
Рост тозад нола, то чанде ки шуд минқор каҷ.
Зоҳид аз каҷпечии дастор кулфат мекашад,
Дар ҳақиқат ранҷи хар бошад, агар шуд бор каҷ.
То нагардӣ садзабон, чун шона маҳрам нестӣ,
Ростӣ дар зулфи хубон бас каму бисёр каҷ.
Холӣ аз маънист, Соиб гуфт, мегӯяд Парӣ,
«Ҳар сабукмағзе, ки бар сар мениҳад дастор каҷ».