Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Бепарда аст ҳусни нигору нигоҳ нест,

Бепарда аст ҳусни нигору нигоҳ нест, Гарм аст офтобу иноят гуноҳ нест. Оинаи сипеҳр саломатнишона аст, Аз рӯи он ки ҳеч яке тираоҳ нест. Аз содагист роҳи иқомат гирифтанат, Ку манзиле, ки як-ду қадам рӯ ба роҳ нест? Ин аст агар талотуми дарёи мағфират, Имрӯз аз гуноҳ касе рӯсиёҳ нест. Девонагони водии рӯзу шаби туро Дар чашми ҳақшиноси хирад меҳру моҳ нест. Мардуди ҳар дарем зи рӯи гуноҳи хеш, Моро ба ғайри раҳмати уммат паноҳ нест. Мӯи сафеди пирӣ, Парӣ ашкпарвар аст, Шабнам ба ғайри барги гули субҳгоҳ нест.