Қиблаи аҳли вафо ҷуз хами абрӯи ту нест,
Қиблаи аҳли вафо ҷуз хами абрӯи ту нест,
Каъбаи мақсуди ушшоқ ба ҷуз рӯи ту нест.
Домани зулфи ту аз гарди маҷонин пок аст,
Ҷои он бехирадон силсилаи мӯи ту нест.
Оҳ, аз чашми ту мурдам, ба нигоҳе дарёб,
Куштае нест, ки доғи рами оҳуи ту нест.
Сайри маҳтоб шаби қасри асирони туро
Чун баногӯши туву ҳалқаи гесӯи ту нест.
Парӣ, бӯс аз лаби ӯ дар ивази ҷон маталаб,
Ин ҳавас гавҳари ҳамсанги тарозуи ту нест.